3 август оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2020 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ мегузаронанд.
Вазорати рушди иқтисод ва савдо соати 08:30 дар вазорати мазкур, Агентии содирот соати 10:00 дар ҳамин Агентӣ (кӯчаи Мирзо Турсунзода, 23), Вазорати корҳои дохилӣ соати 11:00 дар толори ин вазорат нишасти матбуотӣ мегузаронанд.
Маркази миллии тестӣ соати 15:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотӣ доир менамояд.
Бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус ба диққати масъулин ва иштирокчиёни нишастҳои матбуотӣ расонида мешавад, ки талаботи беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19-ро қатъиян риоя намоянд.
Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2020 аз 13 июл оғоз гардида, 03 август ҷамъбаст мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 гузаронида мешаванд.
АМИТ «Ховар»