ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Нозимов дар Фархор мактаб месозад

Ба истиқболи ҷашни  30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Нозимов муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 барои 1640 хонанда дар ду баст   ба истифода дода мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Бинои муассисаи таълимӣ бо усули муосири меъморӣ тарроҳӣ шуда, аз 34 синфхона, синфхонаҳои фаннӣ (химия, физика, биология, компютерӣ ва синфхонаи таълими меҳнат), толорҳои маҷлисгузаронӣ, варзишӣ ва китобхона иборат мебошад. Ҳаҷми маблағи иншоот зиёда аз 40 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба соҳибкори маҳаллӣ ва сохтмончиён барои саҳмгузорӣ дар бунёди муассисаи таълимӣ изҳори сипос намуда, доир ба ороиши саҳни бино машваратҳо дод.

АМИТ «Ховар»

Tags: