Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд сохтмони бинои панҷошёнаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, бинои маъмурӣ аз 40 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳи хурду калон, меҳмонхона иборат хоҳад буд. Дар таҳхона сохтмони толори варзишӣ, якчанд анбор, ҳуҷраҳои бойгонӣ ба нақша гирифта шуда, то ҳол зиёда аз 60 фисади корҳо ба анҷом расонида шудаанд.
Сохтмони бинои маъмурии Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз аввали моҳи августи соли 2019 оғоз гардида, анҷоми он 1 июни соли 2021 дар назар дошта шудааст.
Хароҷоти бунёди бинои маъмурӣ аз ҳисоби буҷаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст.
АМИТ «Ховар»