Дар доираи сафари ноиби Губернатори шаҳри Санкт-Петербург Анна Митянина ба Тоҷикистон 26 сентябр ҳайати фарҳангӣ-соҳибкории Душанбе ва Санкт-Петербург бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва ноиби Губернатори шаҳри Санкт-Петербург Анна Митянина ба Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” рафта, бо вазъи хизматрасонии ин муассисаи тандурустӣ шинос шуданд.
Ба иттилои манбаъ, меҳмонон аз қисми ташхисгоҳ, ҳуҷраи томографияи компютерӣ ва рентген, ҳуҷраи техникӣ, ҳуҷраи муоинаи маммографӣ, идорагоҳ, шуъбаи ангиография, қисми ҷарроҳии нақшавӣ, ҳуҷраи баъд аз ҷарроҳӣ, толори осебшиносию радодӣ, толори ҷарроҳии асаб, толори ҷарроҳии умумӣ, ҳуҷраи ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, шуъбаи наҷот ва муолиҷаҳои оҷил, толори варзишӣ, ташхиси фаросавтӣ, озмоишгоҳи клиникӣ ва биокимиёвӣ, инчунин аз қисми таваллудхона ва қисми соматикии кӯдакона дидан намуданд.
Зимни боздид Анна Митянина дастгоҳу таҷҳизоти тиббии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”-ро нодир муаррифӣ намуда, ба вазъи хизматрасонии он баҳои баланд дод.
АМИТ "Ховар"