Боронҳои пуршиддат ба хоҷагиҳои деҳаҳои Угук ва Овчии ноҳияи Деваштич зарари моддӣ расониданд

25 июли соли равон бар асари боронҳои пуршидат ба хоҷагиҳои деҳаҳои Угук ва Овчии ноҳияи Деваштич зарари моддӣ расиданд. То имрӯз аз тарафи ширкати «IRS» бо ҷалби 3 адад техникаи муҳандисӣ, боркунаки фронталӣ ва 1 адад автогрейдер корҳои бартарафсозӣ оғоз гардида, ҳолати баамаломада пурра бартараф ва ҳаракати нақлиёт таъмин гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тавре сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд иттилоъ дод, аз соати 17:30 бар асари боронҳои пуршиддат дар деҳаҳои Угук ва Овчии ноҳияи Деваштич сел ба заминҳои кишт ва хонаҳои мардум сарозер шуда, ба бархе хоҷагиҳои ноҳия зарари моддӣ расонид.

Дар айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Деваштич дар ҷои ҳодиса барои бартарафсозии пайомадҳои сели харобкор фаъолият дорад ва тибқи маълумоти расида, ин офати табиӣ 15,76 гектар заминҳои кишти картошка, сабзӣ, ҷав, беда, 5 пулро дар деҳаи Овчӣ хароб кардааст.  Инчунин 13 ҳазору 765 метр хатти обҳои нӯшокӣ ва полезӣ, 5 км роҳҳои мошингарди байни деҳаҳо ва 2 км роҳи ноҳиявӣ зарар дидаанд. Сел ҳамчунин ба 13 таҳхонаи манзили истиқоматии сокинони деҳаи Овчӣ ворид шудааст.

Ҳамчунин тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, 26 июл бар асари борони пуршиддат дар километри 128-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ҳудуди ноҳияи Айнӣ сел омад, ки дар натиҷа роҳи ҳаракати нақлиёт дар мавзеи зикршуда муваққатан баста шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: