БЕШ АЗ 2 МИЛЛИОН ТОННА. Имсол нақбканони тоҷик тасмим доранд ҳамин миқдор ангишт истихроҷ намоянд

ТВТ.29.08.2022. Дар 8 моҳи соли равон дар Тоҷикистон беш аз 1,2 миллион тонна ангишт истихроҷ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 136,7 ҳазор тонна зиёд мебошад. Дар ин бора дар остонаи Рӯзи кормандони соҳаи ангишт, ки ҳамасола якшанбеи охири моҳи август дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сармутахассиси Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Муҳиддин Давлатов иброз дошт.

Бино ба гуфтаи ӯ, соли равон нақшаи истихроҷи ангишт бо назардошти талаботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва корхонаҳои саноатӣ зиёда аз 2,7 миллион тонна пешбинӣ шудааст. Аз ин ҳаҷми истихроҷ зиёда аз 1 миллиону 400 ҳазор тонна ба фурӯш бароварда мешавад.

Содироти беш аз 308 ҳазор тонна ангишт ба кишварҳои ҳамҷавор

Барои таъмини иншооти бузурги Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ба миқдори 448 ҳазор тонна ангишт захира гардид, ки талаботи солонаи ин иншоот дар шаш моҳ 1 миллион тонна пешбинӣ шудааст. Соли ҷорӣ бинобар афзоиши ҳаҷми истихроҷи ангишт бори аввал дар ҷумҳурӣ беш аз 308 ҳазор тонна ангишт ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Афғонистон беш аз 197 ҳазор тонна, Покистон наздик ба 110 ҳазор тонна ва ба Узбекистон 1,5 ҳазор тонна содирот карда шуд, ки бозгӯи фаъолияти самараноки корхонаҳои ангишти кишвар ва саҳми ангиштканони тоҷик мебошад.

2 ҳазор нафар мутахассисон дар соҳаи ангишти кишвар

Тавре Муҳиддин Давлатов иттилоъ дод, дар соҳаи саноати ангишти ҷумҳурӣ алҳол 14 корхона, аз ҷумла корхонаҳои ангишти «Фон-Яғноб», «Комбинати металлургии Тоҷик», «Зиддӣ», «Талко Ресурс», «Қудрат», «Вена», «Тоҷагропромэкспорт», «Ширкати алюминийи Тоҷик» ва ғайра фаъолияти истеҳсолӣ доранд, ки аз онҳо 4 корхона давлатӣ буда, боқимонда хусусӣ мебошанд.

Дар соҳаи саноати ангишти ҷумҳурӣ алҳол наздик ба ду ҳазор нафар мутахассисон кор мекунанд. Инчунин мутахассисони Чин, ки дар ширкатҳои пудратчӣ фаъолият доранд, барои иҷрои корҳои қабаткушоӣ ҷалб гардидаанд. Бо мақсади ҷалби мутахассисони касбӣ дар дохили кишвар барои пешбурди соҳа омӯзиши ихтисосҳои муҳандиси кӯҳӣ, пармачӣ, нақбкан, ронанда ва дигар ихтисосҳо ба роҳ монда шудааст. Инчунин дар мактабҳои олии Русия, Қазоқистон ва Украина мутахассисон дар бахши саноати ангишт омода карда мешаванд.

Дар ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» қабул гардидааст, ки он асосҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва ташкилиро дар соҳаи ангишт муқаррар намуда, муносибатҳои байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар ин соҳа танзим менамояд.

Таъсири омилҳои берунӣ ба нархи ангишт

«Ангишт яке аз манбаъҳои алтернативии энергия маҳсуб ёфта, дар бисёр мавридҳо корхонаҳои саноатӣ дар раванди истеҳсолӣ ангиштро истифода менамоянд. Бо назардошти таъсири омилҳои берунӣ, боло рафтани нархи сӯзишворӣ, нархи ангишгт ҳам 20-25 фоиз боло рафта, 1 тонна ангишт дар конҳои ҷумҳурӣ аз 200 то 400 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст», — тазаккур дод Муҳиддин Давлатов.

Дар миқёси ҷумҳурӣ дар баъзе минтақаҳо нархи як тонна ангишт аз 600-800 то 1000 сомонӣ мебошад, ки он ба хароҷоти интиқол тавассути нақлиёти боркашонӣ вобаста аст. Ба хориҷи кишвар як тонна ангишт аз 40 то 70 доллар ба фурӯш бароварда мешавад. Нархи ангишт вобаста ба ҳаҷми хароҷот дар ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор — Агентии зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гузошта мешавад.

4,5 миллиард тонна — ҳаҷми захираи ангишт дар ҷумҳурӣ

Бо дахли захираи ангишт дар ҷумҳурӣ сармутахассиси Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат гуфт, ки ҳаҷми захираи ангишт дар ҷумҳурӣ 4,5 миллиард тонна муайян карда шудааст, ки ин омор дар кони ангишти «Фон-ғноб» беш аз 2 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз рӯи истихроҷи ин навъи маъдан дар минтақа баъд аз Қазоқистон зинаи дуюмро касб менамояд.

Дар Осиёи Марказӣ кони ангишгти «Фон-Яғноб» бузургтарин кони ангишти коксшаванда мебошад. Ҳамчунин мутобиқи қарори марбутаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, захираҳои кони ангишти коксшавандаи «Фон-Яғноб» ва кони ангишти «Назарайлоқ», ки дорои ангишти антратсит мебошад, ба конҳои ангишти аҳамияти стратегидошта маҳсуб меёбанд.

Инчунин омилҳои берунӣ ба фаъолияти корхонаҳои саноати ангишти кишвар то андозае барои дастрас кардани сузишворӣ, баъзе намуди маводи таркишии таъйиноти саноатӣ, ки дар корҳои истихроҷ ва корҳои таркишӣ истифода бурда мешаванд ва аз Русия ворид мегарданд, таъсир расонд. Корхонаҳои саноати ангишти ҷумҳурӣ асосан аз ҳисоби истихроҷ ва фурӯши ангишт фаъолияти истеҳсолии худро пеш мебаранд.

Тоҷикистон макони ангишти нодир

Дар Тоҷикистон асосан се намуди ангишт — ангишти коксшаванда, антратсит ва бур мавҷуд аст. Ангишти коксшаванда дар кони «Фон-Яғноб» ки яке аз нодиртарин конҳо дар минтақа мебошад, фаровон буда, дар ин кон зиёда аз 117 миллион тонна ангишти коксшаванда муайян шудааст. Инчунин ангишти антратсит, ки нодиртарин намуди ангишт аст ва он дар кони «Назарайлоқ» дар шарқи Тоҷикистон мавҷуд мебошад, ҳамчун ашёи хоми саноатӣ барои истеҳсоли дигар маҳсулот истифода бурда мешавад. Кони «Шӯроб» дорои ангишти навъи бур аст, ки он ҳамчун сӯзишворӣ дар хоҷагии халқ, дар муассисаҳои маишӣ — нонвойхонаҳо, инчунин барои пӯхтани сихкабоб васеъ истифода мешавад.

Соли равон ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 36,3 ҳазор тонна ангишти навъи бур барои муассисаҳои маишӣ аз Русия ворид карда шудааст.

Бунёди ду корхонаи коркарди ангишти кокс

Бино ба иттилои ҳамсуҳбати мо, дар доираи эълон гардидани «Панҷсолаи рушди саноат» дар кишвар бунёди ду корхонаи коркарди ангишти кокс дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад ва дар ин самт корҳо идома доранд. Коркарди ангишти кокс барои соҳаи саноати металлургия сӯзишвории асосӣ мебошад ва ба муҳити зист таъсири манфӣ намерасонад. Инчунин дар самти таъсиси корхона оид ба истеҳсоли сӯзишвории моеъ аз ангишт алҳол бо ширкатҳои давлати Чин корбарӣ рафта истодааст. Бо пайдо шудани манбаъҳои сармоягузорӣ коркарди ангишти антротсиди кони «Назарайлоқ» ба роҳ монда мешавад.

Истихроҷи ангишт бо техникаи замонавӣ

Яке аз дастовардҳои соҳаи саноати ангишти мамлакат дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дастрас намудани техника ва таҷҳизоти муосир мебошад, ки ба пешрафти соҳа нақши муассир мегузорад.Алҳол дар соҳаи саноати ангишти кишвар беш аз 500 эксваторҳои аз 1,5 то 4-куба фаъолият доранд, ки истихроҷи беш аз 2 миллион тонна ангиштро дар як сол таъмин менамоянд. Чунин техникаҳои муосир аз Чин, Русия, Олмон ва Корея дастрас карда шуда, иқтидори истеҳсолии онҳо ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҳозиразамон аст, ки ба рушди соҳаи саноати ангишти мамлакат мусоидат менамоянд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: