Баррасии натиҷаи дуюмин мулоқоти вазирон дар сиғаи С5+1 дар Вазорати корҳои хориҷӣ

16 августи соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элизабет Миллардро ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо натиҷаи дуюмин мулоқоти вазирон дар сиғаи С5+1, сатҳи кунунии ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: