Имрӯзҳо дар тамоми қаламрави кишвар муваққатан маҳдуд кардани неруи барқ дар баъе мавзеҳои зист ба мушоҳида мерасад. Масъулони Ширкати саҳомию холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» сабаби онро ба иҷрои корҳои таъмирию профилактикӣ рабт доданд.
Тавре сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, маҳдудияти неруи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти калони энергетикӣ, хатҳои калони интиқоли барқ ва санҷиши ҳолати коршоямии онҳо, инчунин омодагӣ ба ҷашнҳои дарпешистода мебошад.
«Корҳои таъмирию профилактикӣ ҳамасола гузаронида мешаванд. Зеро таҷҳизоти энергетикӣ дар мавсими душвори зимистон бе таваққуф фаъолият карданд. Бояд таҷҳизоти энергетикӣ барои фаъолияти минбаъдаи бехатар аз таъмири профилактикӣ гузаронида шаванд. Мутахассисони соҳаи барқ кӯшиш доранд, ки таҷҳизоти энергетикиро дар муҳлати муайяншуда таъмир намоянд. Маҳдудияти муваққатии интиқоли неруи барқ то ҷашни Наврӯз пурра аз байн бардошта мешавад», — илова намуд Н. Ёдгорӣ.
Ба маълумоти номбурда, шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ба воситаи сомона, радио ва шабакаҳои телевизионӣ ҳамарӯза сокинонро аз қатъи неруи барқ дар минтақаҳои гуногуни пойтахт огоҳ мекунанд.
Тибқи иттилои шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе, имрӯз, 14 март аз соати 09:00 то 16:00 дар як қисми кӯчаҳои Бухоро, Рӯдакӣ, Пушкин, Ҳомид Маҳмуд, маҳаллаҳои Харангон, Навобод, Ҷангалак, Дуғоба, Деҳнаваки боло ва поён, Бакавули ноҳияи Сомонӣ ва кӯчаҳои Пайрав Сулаймонӣ, Юсуф Вафо, Қаҳҳории ноҳияи Сино қувваи барқ хомӯш карда мешавад.
Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст карда мешавад.
АМИТ «Ховар»