ТВТ. 02.07.2022. Дар 5 моҳи соли 2022 ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст. Аз моҳи январ то майи соли равон дар ҷумҳурӣ беш аз 10 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 11% камтар аст. Дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе афзоиши кирдорҳои ҷиноятӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,3 фоизро ташкил додааст.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, коҳиш ёфтани теъдоди ҷиноятҳо на танҳо дар пойтахт, балки дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, шумораи кўштор ва сўиқасд ба одамкушӣ 30 %, таҷовуз 6,3 %, роҳзанӣ 40 % ва дуздӣ 19,4 фоиз кам шудааст. Дар маҷмӯъ, аз моҳи январ то моҳи майи соли равон дар Тоҷикистон 2179 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба 5 моҳи соли 2021 4,6% камтар аст.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, моҳи марти соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон дастур доданд, ки чораҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла фурӯши ғайриқонунии заминро пурзӯр намояд.
«Бо мақсади пешгирӣ аз қабули қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба замин санҷишҳои прокурориро пурзӯр кардан зарур аст», — омадааст дар қароре, ки Раиси палатаи болоии Парлумони мамлакат имзо кардааст.
Дар қарори мазкур таъкид шудааст, ки Прокурори генералӣ муваззаф шудааст, ҳар нимсола аз натиҷаи санҷишҳои мазкур ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
Қаблан Рустами Эмомалӣ дар назди мақомоти прокуратураи кишвар ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон ва пурзӯр намудани назорат аз болои ҳуқуқвайронкунии ҷавонон, бахусус задухурди гурӯҳӣ ва кордзанӣ вазифаҳои мушаххас гузошта буданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи Прокурори генералиро ба афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва беэътимод будани баъзе маълумоти оморӣ дар бахши кишоварзӣ ҷалб намуданд.
Рустами Эмомалӣ аз мақомоти прокуратура тақозо карданд, ки дар самти қочоқи инсон ва маводи мухаддир тадбирҳои муассир андешанд. Раиси Маҷлиси миллӣ ҳамчунин дастур додаанд, ки ба шиканҷа нисбат ба боздоштшудагон бо гумони содир кардани ин ё дигар ҷиноятҳо ва ҳамчунин шахсоне, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд, хотима дода шуда, амалҳои ғайриқонунӣ дар сафи артиши мамлакат пешгирӣ карда шаванд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»