Ба ифтихори 80-солагии Бозор Собир дар Иттифоқи нависандагон маҳфили адабӣ баргузор мегардад

Имрӯз, 23 ноябри соли 2018, соати 14:00 дар толори бузурги Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии шоири маъруфи  тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ устод Бозор Собир маҳфили шеъру суруд баргузор мегардад.

Тавре мудири шуъбаи назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Муҳаммадалии Аҷамӣ хабар дод, дар маҳфил нависандагону шоирон, ҳунармандон, пайвандон ва ҳаводорони осори шоир иштирок хоҳанд кард. Дар ҳамоиши адабӣ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рудакӣ Саидқул Билол ва дигар ҳунармандони маъруф сурудҳои хешро бар ашъори устод Бозор манзури алоқамандони шеъри баланди ин шоири зиндаёд менамоянд.

Ҳамчунин дар маҳфил аз ҷониби аҳли ҳунари Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов  намоиши «Шабе дур аз Ватан» пешниҳод мегардад. Намоиш аз зиндагии шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собир нақл карда, онро коргардон Нозим Меликов рӯи саҳна овардааст. Дар намоиш ҳунарпешагони театр Абдумӯъмин Шарифӣ ва Сӯҳроб Ҷанҷолов нақшофарӣ менамоянд.

Аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ба гиромидошти хотири устод Бозор Собир ду китоби ӯ ба нашр расидаанд, ки зимни маҳфили шеъру суруд ба иштирокдорон тақдим мегарданд.

АМИТ "Ховар"

Tags: