«Паррандаи шеъри Файзи Ашӯр дар фазо «Аз ёдҳо бар ёдҳо» бол мекушояд. Ин парранда аз ошёни хотири шоире бархостааст, ки ҳастии худро ба шеър бахшида, дилу ҷони худро волаи оҳанги зиндагибахши он кардааст». Ин сатрҳоро шоири шинохта Муҳтарам Ҳотам дар пешгуфтори «Панҷаи шеъргир»-и китоби тозаэҷоди «Аз ёдҳо бар ёдҳо»-и шоир Файзи Ашӯр нигоштааст.
Маҷмӯаи «Аз ёдҳо бар ёдҳо», ки дар нашриёти «Адиб» чоп гардидааст, шеъру ғазалҳои тозаэҷод ва драмаи «Солори Аҷам»-и шоир Файзи Ашӯрро дар бар мегирад. Шеърҳои «Қасри миллат», «Эҳдо ба сарварони ду кишвари бародар», «Азми савгандқабо», «Дар сӯгвории устод Бозор Собир», «Сапеда», «Борон», «Падрӯд» аз ҳамин қабиланд.
Файзи Ашӯр дорандаи ҷоизаҳои адабии ба номи Мирзо Турсунзода, Шамсиддин Шоҳин ва Ашӯр Сафар буда, муаллифи драмаҳои назмию насрии «Марди Ҳақ», «Ё раб», «Фиғон», «Зарбаҳои Ханноскуш», «Шикаст», «Ҳусайни аробакаш» ва «Солори Аҷам» мебошад. Ин асарҳо аз ҷониби Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров, Бурҳонидин Раҷабов ва дигарон дар саҳнаҳои театри касбӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Файзи Ашӯр дар хонаводаи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Абӯабуллоҳ Рӯдакӣ устод Ашӯр Сафар ба дунё омада, дастпарвари факултаи бахши забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
АМИТ «Ховар»