Аз 27 то 30 январ ба Тоҷикистон дохил шудани ҳавои арктикии сибирӣ дар назар аст

Шурӯъ аз 27 то 30 январи соли равон бо дарназардошти аз тарафи Қазоқистон ба шимоли Ӯзбекистон дохил шудани ҳавои арктикии сибирӣ дар ҷумҳурӣ якбора бадшавии вазъи ҳаво дар назар аст. Дар ин бора дирӯз, 25 январ сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева дод.

Ба гуфтаи Ҷамила Байдуллоева, дар ин рӯзҳо ҳаво дар водиҳои ноҳияҳои вилояти Суғд шабона 7-12 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард хоҳад шуд.
Имрӯз, 26 январ дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар дошта шудааст.
Ба иттилои Агентӣ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар водиҳо бебориш ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ҳаво дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон абрнок ва дар баъзе ҷойҳо боридани барф пешгӯӣ мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ гардида, шабона 5-10 ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрноки тағйирёбанда ва бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе имрӯз ҳаво тағйирёбанда ва абрноки бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар робита ба сард шудани ҳаво 25 январ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш намуд, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми истифода аз асбобҳои гармкунии барқӣ қоидаҳои техникаи бехатарии зидди сӯхторро ҷиддӣ риоя кунанд ва дар истифодаи он сарфакор бошанд. Инчунин дар ин рӯзҳо шаҳрвандонро мебояд аз гузаронидани корҳои саҳроӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва рафтан ба шикор худдорӣ намоянд.

АМИТ "Ховар"

Tags: