АМАЛИЁТИ «ДОРУХОНА»: Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба муайян кардани гунаҳгорони ба таври сунъӣ боло бурдани нархи доруворӣ шуруъ намуд

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе  ба муайян кардани гунаҳгорони ба таври сунъӣ боло бурдани нархи доруворӣ шуруъ намуд. Тавре дар Раёсати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи баргузории амалиёти шартӣ таҳти унвони «Дорухона» давоми як рӯз 5 ҳолати ба таври сунъӣ боло бурдани  нархи доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ аз ҷониби фурӯшандаҳои дорухонаҳои пойтахт, ҳамзамон ба фурӯш гузоштани маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқати сифат, дар ҳолати ғайрисанитарӣ омода намудани дастпӯшак ва либосҳои тиббии муҳофизатиро ошкор намуданд. 

Чунончи, 4 майи соли равон, тахминан соати 22:30 зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт шаҳрванд Ёдгор Бойбобоеви 27-сола  ҳангоми ба фурӯш баровардани лавозимоти тиббӣ бо арзиши сунъии болобурдашуда, дар дохили  мошини тамғаи «Лексус» рақами  давлатиаш 8787RХ01 дастгир карда шуд.

Дар идомаи чорабиниҳои тафтишотӣ ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии ӯ дар ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рудакӣ  як қатор лавозимоти тиббии ба таври худсохт омодашуда мусодира карда шуд. Аз ҷумла, 15 600 адад даспӯшаки тиббии рангаш кабуд ва 88 ҳазор чунин дастпӯшаки рангаш сафед мусодира гардид, ки нархи як қуттии он 45 сомонӣ муқарар шудааст,  вале номбурда  ин нархро ба таври сунъӣ то 180 сомонӣ боло бурдааст. Ба ин монанд 290 адад ниқоби тиббиро, ки нархи як  донааш 2 сомонӣ тасдиқ шудааст, ба таври сунъӣ боло бурда, бо арзиши 10 сомонӣ ба фурӯш гузоштааст.

Ҳамчунин аз манзили зисти номбурда 59 адад айнаки тиббӣ, 10 ҳазор қутии холӣ бо навиштачоти «Сабр», барои ҷойгир намудани дастпӯшакҳои тиббӣ, 50 адад қутии «бахил», 1000 дона чӯбчаи тиббии   маҳлулгирӣ мусодира гардид, ки Ёдгор Бойбобоев нархи онҳоро ба таври сунъӣ чандин маротиба боло бурда, ба фурӯш мгузоштааст. Дар доираи тафтишот муайян карда шуд, ки дастгиршуда бе маълумоти соҳавӣ ва гирифтани иҷозатномаи мақомоти ваколатдор дар шароити хона, ғайрисанитарӣ ба омадасозӣ, нигоҳубин ва фурӯши маводҳои тиббӣ машғул шудааст.

Мавриди зикр аст, ки Ёдгор Бойбобоев аз ҳисоби ба таври сунъӣ боло бурдани нархи маҳсулоти доруворӣ ва фоидаи муфт бадастовардааш дар як муддати кутоҳ  ду автомашинаи гаронарзиши хориҷии тамғаи «Лексус RX-350»-ро харидорӣ намудааст. Дастгиршуда, ҳарчанд  ба  зиёрати хонаи Худо мушарраф  гаштаву атророфиён ӯро ҳамчун «Ҳоҷӣ Ёдгор» ном бурда ва  эҳтиром мекардаанд, дар моҳи шарифи Рамазон ба ҷои ба муҳтоҷону беморон дасти ёрӣ дароз намудан бо мақсади қонеъ сохтани нафси бади худ ба амалҳое, ки тақво ва имондории ҳар мусалмонро зери суол мебаранд ва  аз корҳои зишту гуноҳ маҳсуб меёбанд, даст задааст.

Дар идомаи амалиёт кормандони милитсияи шаҳри Душанбе шаҳрванд Файзулло Алиевро   дастгир намуданд, ки ӯ низ бо истифода аз вазъияти баамаломада, ки мардум  аз ҳарвақта бештар ба маводҳои тиббӣ муҳтоҷ гаштаанд,  арзиши маводҳои дорувориро худсарона чор-панҷ маротиба баланд бардошта, ба фурӯш мегузоштааст.

Масалан, номбурда ҳангоми ба фурӯш баровардани доруи «Арбидол», ки нархи як  қуттии он 40 сомонӣ муқарар шудааст,  нархи онро ба таври сунъӣ  то 250  баланд бардоштааст. Ғайр аз ин ӯ  91 адад ниқоби дуфилтраи  нархаш  20  сомониро 40 сомонӣ ва 19 адад халати тиббии 110 сомонӣ арзишдоштаро 220 сомонӣ ба фурӯш гузоштааст.

Ҳамчунин дар доираи амалиёт кормандони милитсия дар ду ҳолат аз дорухонаҳои ҶДММ «Ориёнфарм» ва ҶСП «Азиз-вако» дар маҷмуъ 95  қуттии «Арбидол», миқдори зиёди дорувориҳои «Батферон», «Анаферон» ва «Сиклоферон»-ро мусодира карданд, ки нисбат ба  нархи аслиашон чанд маротиба  гаронтар ба фурӯш гузошта  шудаанд.

Дар натиҷа нисбат ба нафароне, ки даст ба қонуншиканӣ заданд, маводҳо барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ тартиб дода шуда, дар баррасӣ қарор доранд.

Баргузории амалиёти шартии «Дорухона» аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади ошкор намудани ҳолатҳои ба таври сунъӣ ва худсарона боло бурдани арзиши маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ дар ҳудуди пойтахт идома дорад.

Аз шаҳвандон ва меҳмонони пойтахт хоҳиш мекунем, ки дар сурати ошкор намудани чунин қаллобон ба «телефони боварӣ»-и РВКД дар шаҳри Душанбе бо рақами 221-15-00 занг зананд.

АМИТ «Ховар»

Tags: