Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии захираҳои бойи таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ соли 2016 дар якчанд намоишгоҳҳои байналмилалӣ иштирок намуд. Аз ҷумла, дар панҷоҳумин намоишгоҳи байналмилалии туристии «ITB Берлин 2016» иштирок намуда, гӯшаи туристии кишварро ба намоиш гузошт. Ин нуктаро имрӯз Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
«Бо истифода аз имконияти муносиб дар Форуми 5-уми ширкатҳои туристӣ иштироки намояндаи Тоҷикистон таъмин гардид»,- гуфт раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ. Дар доираи намоишгоҳи мазкур таҳти унвони «Тоҷикистон кишвари туризм» ҳамоиш доир гардид, ки дар он 2500 адад руқъа, харита, фитта ва брошураҳо тақсим карда шуда, муаррифии китоби Дагмар Шрейбер «Роҳнамои сайёҳ» роҷеъ ба имкониятҳо ва захираҳои бойи туристии Тоҷикистон доир гардид.