Як гурӯҳ хонандагони тоҷик ба даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба технологияи муосир (нанотехнология), ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, роҳхат гирифтанд.
Тавре аз Литсей-интернати Тоҷикистону Россия «Ҳотам ва ПВ» ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, даври ғоибонаи Олимпиада аз 1 ноябри соли 2018 то 31 январи соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва ба номи М.В. Ломоносов баргузор гардид. Дар он зиёда аз 8 ҳазор толибилм аз 28 кишвари дунё дар марҳилаҳои гуногун ширкат намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳайати гурӯҳ хонандаи синфи 10-и ин мактаб Далер Пиров дар озмун мақоми аввалро касб намуда, хонандагони синфҳои 8 ва 11 Яҳё Шамсиев, Темур Саломатшоев, Фараҳманд Ҳасанов, Муҳаммадҷон Камолиддинзода, Саидансор Саидаҳтамов, Мурод Абдураҳим, Иброҳим Саидов ва Каёнуш Рустамзода натиҷаҳои хуб ба даст оварданд.
Тибқи талаботи озмун, дар олимпиада 5-6 нафаре, ки холҳои аз ҳама бештарро аз рӯи фанҳои математика, физика, химия ва биология бо назардошти самти нанотехнологӣ соҳиб шуданд, ғолиб дониста мешаванд.
Хонандагони тоҷик бо ғолибият дар бахши ғоибонаи озмун ба даври ниҳоии он, ки дар Россия баргузор мешавад, роҳ ёфтанд.
АМИТ «Ховар»