Агентии обуҳавошиносӣ: Моҳи август дар Тоҷикистон гармии ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад

Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи август ҳарорати ҳаво тибқи меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд дар назар аст.

Тавре аз Агентии обуҳавошиносӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин давра ҳарорати миёнаи ҳаво дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ 1 дараҷа баланд аз меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо 25+29 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 21+24 дараҷа  гарм мешавад.

Давоми моҳ ҳарорати ҳаво шабона 16+21  ва дар рӯзҳои алоҳида то +25 дараҷа гарм мешавад. Рӯзона ҳарорат тағйир ёфта, аз 32+37 то 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 41+43 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.

Миқдори моҳонаи бориш дар вилояти Хатлон аз меъёр кам пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 0,1-1,9 мм  ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 2-4 мм-ро ташкил медиҳад.

Дар ин минтақа аввали моҳ боронҳои кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ  ба амал меояд. Шамол дар рӯзҳои алоҳида аз самти ғарб бо шиддати то 17-22 метр дар як сония вазида, дар водиҳо тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар вилояти Суғд тибқи меъёри иқлимӣ  ва дар водиҳо 1 дараҷа  баланд пешбинӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо 25+27 дараҷа  гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 23+24 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 15+18 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.

Давоми моҳ ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 ва рӯзона аз 17+22 то 24+29 дараҷа мерасад.

Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёри иқлимӣ дар баъзе ноҳияҳо кам буда, дар водиҳо 1-2мм,  дар доманакӯҳҳо ва кӯҳӣ 3-4мм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 7-14мм пешбинӣ шудааст. Дар даҳрӯзаи аввали моҳ боронҳои кӯтоҳмуддат, раъду барқ пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо шамол бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад.

Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шудааст.

Дар ин давра ҳаво шабона аз 10+15 то +18 дараҷа гарм шуда, рӯзона ҳарорат аз 23+28 то 30+35 дараҷа мерасад. Дар ноҳияи Дарвоз то +38 дараҷа  гармӣ пешгӯӣ мешавад.

Миқдори моҳонаи бориш аз меъёри иқлимӣ кам ва дар баъзе ноҳияҳо дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешбинӣ шудааст.

Нимаи дуюми моҳ боридани борон бо раъду барқ дар назар дошта шудааст.

Дар шарқи  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа  паст шуда, 8+12 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ ҳарорати ҳаво дар ин вилоят  шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 11+16 то 18+23 дараҷа  гарм мешавад.

Миқдори моҳонаи бориш аз меъёри иқлимӣ камтар пешгӯӣ шуда, 5-17мм-ро ташкил медиҳад.

АМИТ «Ховар»

Tags: