Аз рӯйи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, рӯзи 8 марти соли равон дар қаламрави кишвар ҳавои тағйирёбанда шуда, дар шаҳри Душанбе шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво 8 март аз 14 то 16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳаво дар ғарби вилоят 3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво то 13 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон ҳаво тағйирёбанда буда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон дар назар аст. Дар ин рӯз ҳаво 14-19 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо 8-13 дараҷа гарм хоҳад гашт. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар водиҳо аз 10 то 15 дараҷа ва 8 март 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво то 6 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 2 дараҷа гарм хоҳад шуд.