Абдуллоҳ Абдуллоҳ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҳомии сулҳу субот дар Афғонистон аст»

«Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҳомии сулҳу субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст», — чунин  изҳор дошт имрӯз  дар нишасти хабарӣ   Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ  пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Душанбе.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ зикр кард, ки «бо  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  таҷрибаи хуби барқарор намудани сулҳро доранд, доир ба ин мавзӯъ табодули назар кардем».

Дар ҷараёни мулоқот оид ба лоиҳаи сулҳ ва мусолиҳаи  миллӣ дар Афғонистон табодули афкор сурат гирифт.

«Президенти Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  иброз доштанд, ки барқарор намудану  таҳким бахшидани   сулҳу субот  дар  Афғонистон, на танҳо барои рушди  ин кишвар, балки барои  тараққиёт ва пешрафти тамоми кишварҳои минтақа нақши калидӣ дошта метавонад»,-  афзуд  Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ.

Ёдовар мешавем, ки Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ 21 декабр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оврада, бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот намуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: