60 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Эрон ба Ватан баргардонида шуданд

Имрӯз дар партави дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Исломии Эрон 60 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан баргардонида шуданд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ин шаҳрвандон тариқи парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии «Вориш» аз Машҳад ба Душанбе оварда шудаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: