175 оила дар Муъминобод бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд

Дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ ва амалишавии  барномаи «Даҳсолаи об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2020» 175 оила дар кӯчаи Алӣ Раҳимови ҷамоати шаҳраки Муъминобод бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд. Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи мазкур Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Кӯчаи мазкур аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ бунёд гардида, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод бо роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ зиндагии шоистаи мардумро дар ин маҳаллаи навбунёд таъмин менамояд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл ба кӯчаи навтаъсиси Ваҳдати ҷамоати шаҳраки Муъминобод низ, ки зиёда аз 250 хонаи истиқоматӣ дорад, бо дарозии 1000 м бо қубури қутраш 76 мм хати оби нӯшокӣ кашида шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: