Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии ҷадвали бозиҳои Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дар мавсими нав доир гардид. Мавсими нави Лигаи футболи бонувон 15 май оғоз шуда, дар ду марҳила сурат мегирад. Дастаҳо дар мавсим 18 бозӣ анҷом хоҳанд дод.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар Чемпионати чоруми Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон 10 даста иштирок мекунанд: “Зебонисо” (Душанбе), “Хатлон” (Бохтар), “Суғд” (Суғд), “Конибодом” (Конибодом), «Зебо» (Дӯстӣ), «Бешкент» (Носири Хусрав), «Чашма» (Шаҳритус), «Равшан» (Кӯлоб), «Ҳосилот» (Фархор) ва «Нушофарин» (Бохтар).
Чун анъана Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамаи дастаҳои бонувонро бо либоси варзишӣ ва тӯб таъмин намуд. Федератсия ҳамчунин ҳаққи хизмати доварон ва хароҷоти сафари дастаҳоро дар меҳмонӣ пардохт мекунад.
Ғолиби мавсими гузаштаи Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дастаи “Зебонисо”-и Душанбе мебошад.
Қуръакашӣ дар даври аввали Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон
Даври 1
15 май (шанбе)
«Зебонисо» — «Бешкент»
«Суғд» — «Равшан»
«Зебо» — «Нушофарин»
«Ҳосилот» — «Хатлон»
«Конибодом» — «Чашма»
АМИТ «Ховар»