Зодрӯзи Сайидои Насафӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои шахсони маъруфи ЮНЕСКО ворид гардид

Дар ҳошияи иҷлосияи 39 Конфронси генералии ЮНЕСКО номинатсияи 400-умин солгарди таваллуди шоир ва мутафаккири форсу тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ барои ворид гардидан ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2018-2019 қабул гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, бахшида ба таҷлили 400-умин солгарди таваллуди шоир Сайидои Насафӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои 2018-2019 баргузории барномаҳои гуногун, аз ҷумла, конфронсу семинарҳо, намоишгоҳҳо, суҳбату ҳамоиш ва барномаҳои ҳунарӣ дар назар аст.

Бояд гуфт, ки Сайидои Насафӣ аз барҷастатарин симоҳои адабиёти қарни 17 ва 18 мелодӣ аст, ки бо мероси пурқимат ва арзишманди адабӣ ва афкори баланди инсонии худ дар таърихи адабиёти давраи мазкур мақом ва манзалати шоиста доштааст. Сайидо дар Насаф ё Қаршии кунунии қаламрави Бухоро зода шуда, дар шаҳри Бухоро парвариш ёфтааст.

Сайидои Насафӣ аз ҷавонӣ ба шеър гуфтан оғоз карда, дар муддати кӯтоҳ дар Бухоро ва атрофи он ҳамчун шоири тавоно машҳур гардидааст. Мероси адабии шоир, ки дар шакли куллиёт ва девони ашъор фароҳам омада, то ба имрӯз расидааст, аз ғазал, қасида, маснавӣ, мусаддас, мухаммас, рубоӣ, қитъа, асари тамсили баҳориёт, шаҳрошӯб ва ғайра иборат будаанд, ки тақрибан 8500 байтро дар бар мегирад.

Сайидои Насафӣ дар байни солҳои 1707 -1711 дар Бухоро вафот кардааст.

АМИТ "Ховар"