ZAGREB GRAND PRIX 2023. Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо иштирок менамоянд

Аз 18  то 20  август  дар  Хорватия Мусобиқаи байналмилалии Zagreb Grand Prix 2023 оид гӯштини ҷудо баргузор мегардад, ки дар он варзишгарони  қораи Осиё ва Аврупо  иштирок менамоянд. Дар ин хусус шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи  сатҳи баланд паҳлавонони шинохта, аз қабили Муҳаммадсолеҳ Қувватов  бо  Меҳрзод Суфиев, ҳар ду дар вазни то 60кг,  Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг, Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 73 кг  ва Ҷаҳонгир  Маҷидов  дар вазни  то  90 кг намояндагӣ мекунанд.

Дар мусобиқа 561 ҷудочӣ- 339 мард ва 222 зан аз 88 давлати дунё аз рӯи 7 вазн барои ба даст овардани нишонҳои фахрӣ қувваозмоӣ менамоянд.

Хотиррасон мешавем, ки маросими қуръакашии Мусобиқаи байналмилалии  Zagreb Grand Prix 2023 оид ба гӯштини ҷудо 17 август доир  мешавад.                                                                                    

Tags: