Забони тоҷикӣ рамзи истиқлолияти давлативу сиёсӣ мебошад

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мегардад, дар мавзӯи «Нақши забони давлатӣ дар эҳёи миллат» ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷамъомад муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирҷон Аминзода, муовинони раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Зокирҷон Аминзода забони тоҷикӣ ва ташаккули пайвастаи онро дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии халқи тоҷик арзёбӣ карда, иброз дошт, ки «забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ нақши асосӣ дорад ва ба ин далел забони миллат асоси бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад. Мардуми тоҷик бо иродаи қавии худ дар моддаи 2-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ қабул ва эътироф кардаанд».

Дар ҷамъомад зикр гардид, ки «дар натиҷаи рушду такомули ҷомеа, пайдоиши муносибатҳои нави ҷамъиятӣ зарурати қабули қонуни нав ба миён омада, 5 октябри соли  2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва истифодаи онро ба сифати забони давлатӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин кафолати ҳуқуқии амали озодонаи дигар забонҳоро, ки дар Тоҷикистон дар муошират ҳастанд амалӣ менамояд».

АМИТ "Ховар"

Tags: