«Забони шеъри Рӯдакӣ забони меъёр ва забони адабии мост» — конференсияи илмӣ дар Душанбе

Имрӯз, 22 сентябр бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ дар Душанбе дар мавзўи «Масъалаҳои мубрами рўдакишиносӣ дар даврони муосир» конференсияи илмӣ доир гардид.
Дар ҳамоиши илмӣ олимону адабиётшиносон ва рӯдакишиносони маъруфи кишвар иштирок намуда, роҷеъ ба рӯзгору осори устод Рӯдакӣ, замони аҳди Сомониён, суханварони ҳамасри ӯ андешаҳои ҷолиб баён карданд. Зикр шуд, ки маҳз бо шарофати замони соҳибистиқлолӣ шеъри ноби тоҷикӣ ва мақоми Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар сатҳи баланд арҷгузорӣ мешавад.
Директори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ Сахидод Раҳматуллозода иброз дошт, ки «ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «забони шеъри Рӯдакӣ забони меъёр ва забони адабии мост, ки онро бо гузашти қариб дувоздаҳ аср мо имрӯз низ истифода мебарем ва бо шеъри Рӯдакӣ ҳар рӯз сухан мегӯем. Яъне забони Рӯдакӣ забони зиндаи халқи тоҷик аст ва бузургиву ҳашамати шоири мутафаккир низ дар ҳамин нукта баён мегардад, ки гӯё шеъри Рӯдакӣ дар замони мо суруда шуда бошад».
Ба андешаи Сахидод Раҳматуллозода, рӯдакишиносӣ ва рӯдакипажӯҳӣ як бахши хеле муҳими таҳқиқоти илми адабиётшиносист, ки дар ин солҳо пайваста рушд кардааст. Махсусан дар бораи вазни осори Рӯдакӣ, мазмуну муҳтавои осори Рӯдакӣ, масъалаҳои панду ахлоқӣ дар осори ӯ, муқоисаи осори Рӯдакӣ, дар бораи равону содаву фаҳмо будани ашъори ӯ донишмандони Осиёву Аврупо таҳқиқоти зиёд бурдаанд. Вале ба масъалаҳои таҳқиқи масоили забоншиносии осори Рӯдакӣ кам таваҷҷуҳ шудааст. Яъне дар самти забоншиносӣ ин таҳқиқот қатрае аз баҳр аст. Бинобар ин осори Рӯдакӣ аз нуқтаи забоншиносӣ ба таҳқиқ ниёз дорад ва чӯстуҷуи оянда дар ин самт барои илми мо саҳифаҳои норавшани таҳқиқоти илмии забоншиносии осори Рӯдакиро равшан хоҳад кард.
Ҳамзамон дар ҳамоиш аз ҷониби олимон дар мавзӯъҳои «Ашъори зуҳди Рўдакӣ: адабиёт ва дин», «Сохтори қитъаҳои Рўдакӣ», «Боз як иштибоҳи дигар дар бораи «Бўйи Ҷўйи Мўлиён»-и Рўдакӣ», «Муаррифӣ ва тавсифи як манбаи муҳими шеъри шоирони қадим», «Дар бораи Рўдакӣ ё «Рўдакиро кард бино инқилоб», «Оҳангҳои озодандешӣ дар шеъри Рўдакӣ ва ҳамасронаш», «Назари шоирони аҳди Ғазнавӣ ба Рўдакӣ ва шеъри ў» маърӯзаҳои пурмуҳтаво шунида шуд.
Зимни ҳар як маърӯза таъкид гардид, ки осори устод Рӯдакӣ мавзӯъҳои гуногунро фарогир буда, бештар бо мавзӯъҳои умдаи ҷомеа, замону макон, фалсафа, ҳикмат, ахлоқ, панду насиҳат, башардӯст будан, тасвири табиат ғаниву наҷиб гардидаанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ ба болоравии ифтихори худшиносию ватандӯстии насли наврас неруи тоза бахшида, масъулияти ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро дар роҳи рушду нумӯи давлати тозабунёдамон афзоиш медиҳад.
Устод Рӯдакӣ панд медиҳад, ки чаҳор чиз – тани дурусту хӯйи неку номи неку хирад моро зи ғам харидорӣ мекунанд ва агар ин чаҳор чиз моро рӯзӣ шаванд, ҷовидон шод зистану ғам нахӯрдан насиб хоҳад шуд. Умед бар он дорем, ки ин панди устод дар рӯзгору зиндагиномаи сокинони Тоҷикистон ҳамеша ҳамроҳ хоҳад буд.
Хотиррасон мекунем, ки бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ шоми имрӯз, соати 17:00 дар назди муҷассамаи устод Рӯдакӣ, воқеъ дар саҳни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур барномаи фарҳангию фароғатӣ бо иштироки кормандони муассисаҳои фарҳангӣ ва устодону донишҷӯён доир мегардад.

Tags: