Владимир Малишев: «Мо омодаем ҳунармандони ҷавони тоҷикро барои соҳаи кино ба омӯзиш фаро гирем»

Академияи ВАОДар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» дар доираи баргузории Рӯзҳои Донишкадаи давлатии кинематографияи умумируссиягии ба номи Герасимов дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба 100-солагии ин кохи ҳунар бахшида шудааст, бо иштироки намояндагони донишкадаи мазкур ва кормандони ВАО вохӯрӣ баргузор гардид.   

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён аз таърихи кинои тоҷик ёдовар шуда, саҳми ин мактаби бузурги ҳунариро дар пешрафти кинои ватанӣ ва тарбияи кадрҳои соҳибтахассуси соҳа зикр намуд. Гуфта шуд, ки миёни ҳунармандони боистеъдоди кинои тоҷик нафарони зиёде дастпарварони ин донишгоҳ мебошанд.

Ректори Донишкадаи давлатии кинематографияи умумируссиягии ба номи Герасимов дар ҳамоиш иброз дошт, ки онҳо омодаанд ҳунармандони ҷавони тоҷикро барои соҳаи кино ба омӯзиш фаро гиранд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои  Донишкадаи давлатии кинематографияи умумируссиягии ба номи Герасимов дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 15 март идома меёбанд.

АМИТ «Ховар»