ВКХ. Тоҷикистон аз задухӯрди низомӣ байни Озарбойҷон ва Арманистон амиқан изҳори нигаронӣ менамояд

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз задухӯрди низомӣ байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Арманистон амиқан изҳори нигаронӣ менамояд. Дар ин бора дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

 «Аз ҷонибҳо бо исрор даъват мекунем, ки барои қатъи амалиёти ҳарбӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд. Бар онем, ки ҳалли низоъ дар Кӯҳистони Қаробоғ танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ имконпазир аст»,- таъкид шудааст дар изҳороти ВКХ Тоҷикистон.

Тоҷикистон аҳамияти истисноии ҳалли мусолиматомези ихтилофоти мавҷударо дар чаҳорчӯби меъёрҳои пазируфтаи байналмилалӣ таъкид менамояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: