ВКД ҶТ хабар медиҳад: роҳбари гурӯҳи ғайриқонунии силоҳбадаст Ёқуб Аҳрорзода бо лақаби «Ҷинҷак» дастгир гардид

Ахбори ВКДҲангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия як зумра ҷиноятҳои солҳои пеш содиргардида ошкор карда шуда, роҳбари гурӯҳи ғайриқонунии силоҳбадаст Ёқуб Аҳрорзода (Ғафуров Ёқуб Аҳрорович) бо лақаби «Ҷинҷак», соли таваллудаш 1973, сокини деҳаи Ваҳдатободи шаҳри Ваҳдат бо гумони роҳзанӣ ва ғасби гаравгон дастгир карда шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, номбурда бо маслиҳати пешакӣ бо аъзои гурӯҳаш, шаҳрванд Абоев Ҷамшед Исломович, соли таваллудаш 1983, бо лақаби «Иван», сокини н.Рӯдакӣ ва дигарон моҳи августи соли 1999, тахминан соати 11:00, дар маҳаллаи Яккатоли Ҷамоати деҳоти Н.Розиқи ш.Ваҳдат бо таҳдиди силоҳи оташфишон аз шаҳрванд Юсуфов Шералӣ Азизович, соли таваллудаш 1964, сокини ш.Ваҳдат, мошини шахсиаш тамғаи «МАРК-2»-ро, ки арзишаш 16000 доллари амрикоиро ташкил медод, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимни тафтишот муайян карда шуд, ки Ёқуб Аҳрорзода бо маслиҳати пешакӣ бо аъзои гурӯҳаш, моҳи августи соли 1999, тахминан соати 10:00, ба манзили истиқоматии шаҳрванд Наҷмиддинов Абдусалом Холович, соли таваллудаш 1959, сокини деҳаи Дӯстии ш.Ваҳдат ворид шуда, бо таҳдиди силоҳи оташфишон аз манзили истиқоматии номбурда 2 адад видеомагнитофон, 1 адад маркази мусиқӣ, 8 сар чорвои калони шохдор ва дигар лавозимоти рӯзгорро ба маблағи 1000 доллари амрикоӣ тасарруф намуда, соҳибхона Наҷмиддинов А.Х. ва бародараш Наҷмиддинов Шодӣ Холович, соли таваллудаш 1963, сокини ҳамонҷоро ғайриқонунӣ ба деҳаи Ваҳдатобод бурда, дар манзили истиқоматии худи Аҳрорзода Ё. муддати 3 шабонарӯз ба сифати гаравгон нигоҳ дошта, пас аз талаб карда гирифтани 1 адад мошини тамғаи «Камаз» озод кардаанд.

Ҳамчунин Ёқуб Аҳрорзода бо маслиҳати пешакӣ бо аъзои гурӯҳаш, моҳи августи соли 1999, тахминан соати 11:00, шаҳрванд Мисҳоқов Раҷабалӣ Абдуллоевич, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри Ваҳдатро бо таҳдиди силоҳи оташфишон аз назди манзили истиқоматиаш ғайриқонунӣ ба автобазаи №2929, воқеъ дар деҳаи Яккатоли Ҷамоати деҳоти Н.Розиқов оварда, ба сифати гаравгон нигоҳ дошта, пас аз талаб карда, гирифтани маблағи пулии 2000 доллари амрикоӣ озод кардаанд.

Ҳамин тариқ, Ёқуб Аҳрорзода бо маслиҳати пешакӣ бо аъзои гурӯҳаш, моҳи августи соли 1999, тахминан соати 11:00, шаҳрванд Ғафуров Сафед, соли таваллудаш 1923, сокини деҳаи Дарёободи н.Рӯдакиро бо таҳдиди силоҳи оташфишон аз назди манзили истиқоматиаш ғайриқонунӣ ба Ҷамоати деҳоти К.Исмоилов оварда, ба сифати гаравгон нигоҳ доштааст. Пас аз талаб карда гирифтани маблағи пулии 11000 доллари амрикоӣ ӯро озод намудаанд.

Нисбат ба Ёқуб Аҳрорзода бо моддаҳои 181 қисми 2 ва 249 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши он идома дорад.

АМИТ «Ховар»