Вазирони мудофиаи кишварҳои ИДМ, СҲШ ва СААД дар Москва мулоқот менамоянд

Намояндагони мақомоти ҳарбии кишварҳои  Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил (ИДМ), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ 4-5 феврал  дар Москва масъалаҳои омодагиро ба мулоқоти роҳбарони вазоратҳои мудофиаи ин кишварҳо дар моҳи июн баррасӣ менамоянд. Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора  дар изҳороти вазорати мудофиаи Россия рӯзи сешанбе гуфта шудааст.

Роҳбарони  ҳайатҳои ҳарбӣ  масъалаҳоеро, ки ба баргузории  ҷаласаи муштараки  вазирони мудофиаи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ, давлатҳои  аъзои СҲШ, давлатҳои аъзои СААД марбут  аст ва моҳи июни соли 2020  дар шаҳри Москва пешбинӣ шудааст,  баррасӣ менамоянд, хабар доданд аз Вазорати мудофиа.

«Ризоияти худро барои  иштирок намояндагони вазоратҳои мудофиаи Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тасдиқ намуданд»,- изҳор доштанд дар вазорати мудофиаи Россия.

АМИТ «Ховар»

Tags: