Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳамзамон раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон дар Долони байналмилалии нақлиётии Аврупо – Осиё – Қафқоз, Қафқоз — Осиё – (ТРАСЕКА) таъйин гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ медиҳад.
Номзадии Вазири нақлиёт ба ҳайси раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон дар ТРАСЕКА бо дарназардошти тағйироти кадрӣ дар Вазорати нақлиёт аз ҷониби Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода пешниҳод гардида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин пешниҳод ҷонибдорӣ ёфт.
ТРАСЕКА (ТRACECA – Transport Corridor Europe Caucasus Asia) — ин ягона лоиҳаи долони нақлиётии АвруОсиёӣ дар самти Ғарб-Шарқ аз Аврупо буда, бо убур аз баҳри Сиёҳ, тавассути Қафқоз ва баҳри Каспий ба Осиёи Марказӣ ворид мешавад. Ин лоиҳа аз ҷониби сохторҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама, Иттиҳоди Аврупо дастгирии назарраси молиявӣ, ташкилӣ ва техникӣ ёфтааст.
Барномаи ТРАСЕКА соли 1993 дар асоси Эъломияи Брюссел бо иштироки Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шуд ва дере нагузашта, Молдова, Муғулистон ва Украина шомил шуданд. Соли 2000 — Туркия, Руминияву Булғористон ва соли 2009 — Эрон ба ин барнома ҳамроҳ шуданд.
Ҳар яке аз ин кишварҳо “Котиби миллии ТРАСЕКА» ва инчунин «Комиссияи миллии ТРАСЕКА» -и худро доранд, ки онро одатан роҳбари яке аз вазоратҳои соҳавӣ ё муовини сарвазири кишвар роҳбарӣ мекунад.
Ҳадафи Барномаи ТРАСЕКА- ин кумак ба кишварҳои тозаистиқлоли Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ дар барқарорсозии инфрасохтори нақлиётӣ, ташкили долони кӯтоҳтарини нақлиётӣ, ки Аврупо ва Осиёро пайваста, ҳамгироии минтақаро бо Ғарб таъмин месозад, инчунин бунёди системаи боэътимоди нақлиётӣ, ки ба татбиқи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо барои барқарор ва рушди иқтисодиёти ин давлатҳо равона шудаанд, мебошад.
Ёдовар мешавем, ки барнома аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад.
АМИТ «Ховар»