Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Тарҳи қонуни хизмати алтернативиро гурӯҳи кории ҳукуматӣ меомӯзад»

Интизор меравад, ки дар оянда дар Тоҷикистон Қонун «Дар бораи хизмати алтернативӣ» таҳия ва қабул гардад.
Шералӣ Мирзо, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 апрел дар Парлумони кишвар зимни посух ба саволи Ҷаббор Ахмедов, вакили Маҷлиси намояндагон дар мавриди шароит ва мавқеи Вазорати мудофиаи кишвар нисбат ба таҳия ва қабули қонун дар бораи хизмати алтернативӣ гуфт: «Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати алтернативӣ» аз ҷониби гурӯҳи кории Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда шуда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод гардидааст. Алҳол ин тарҳи қонун аз ҷониби гурӯҳи кории ҳукуматӣ мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дорад. Бояд тазаккур дод, ки хизмати алтернативӣ чунин навъи хизматест, ки ҷавонони ба синни хизмати ҳарбӣ расида дар комиссариатҳои ҳарбӣ номнавис мегарданд ва дар давоми ду сол ба ивази хизмат дар сафи Артиши миллӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ фаъолият карда, ҳиссае аз маоши онҳо барои ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа равона карда мешаванд».
Мавриди зикр аст, ки дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон хизмати алтернативӣ ҷорӣ гардидааст.

Манбаъ: АМИТ "ХОВАР"

Tags: