Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзид

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Ҷумҳурии Қирғизистон бо сафари кории дурӯза ҷиҳати иштирок дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки он 20-22 июли соли 2018 дар шаҳри Чолпон-Ато баргузор гардид, сафар намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон  созишҳои дар рафти вохӯрии кории сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (15 марти соли 2018, ш.Остона) ба даст омадаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни вохӯрии вазирон мубодилаи афкор оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, инчунин гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифт.

Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, маориф ва илм, фарҳанг ва туризмро муҳокима карданд.

Роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ истифодаи маҷмӯи захираҳои обу энергетикаро дар Осиёи Марказӣ тақвият дода, омодагии худро ҷиҳати таҳким додани ҳамкорӣ  дар чаҳорчӯбаи  созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид намуданд.

АМИТ «Ховар»