Варзишгарони тоҷик ба Бразилия сафар карданд

28 июл ҳайати дастаи мунтахаби варзишгарони Тоҷикистон барои ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе-Истанбул-Сан-Паулу-Рио-де-Жанейро ба Бразилия сафар карданд.
Варзишгаронро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳои миллии варзишӣ, устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи Саидмуъмин Раҳимов, мурабиёну наздиконашон  гусел намуда, дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ барояшон барору комёбиҳо таманно намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки  ҳайати олимпии Тоҷикистон аз 23 нафар иборат буда, ҳафт нафари онҳо варзишгар ва 16 нафари дигар мураббиёну роҳбарони федератсияҳои миллии варзишӣ ва ашхоси расмӣ мебошанд. Варзишгарони тоҷик дар Олимпиада дар чор риштаи варзиш- бокс, варзиши сабук, дзюдо ва шиноварӣ Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки  гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ интихоб шудааст. Ин бозиҳо 5 август дар варзишгоҳи «Маракана»-и Рио-де-Жанейрои Бразилия ифтитоҳ меёбанд.
Дилшод Назаров бори чорум аст, ки Тоҷикистонро  дар Бозиҳои олимпӣ муаррифӣ мекунад.

АМИТ"ХОВАР"

Tags: