Варзишгарони навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс соҳиби 3 медал шуданд

Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс миёни наврасон варзишгарони тоҷик сазовори 3 медал: 2 нуқра ва 1 биринҷӣ шуданд.  Мусобиқаи мазкур аз 6 то 10 январ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шуда, дар он наздик ба 200  нафар варзишгарони соли таваллудашон 2004-2005 аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон,  Қазоқистон ва Россия иштирок намуданд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи  байналмилалӣ оид ба бокс миёни наврасон аз рӯи 15 категорияи вазнӣ доир шуда, аз ҳайати дастаи Тоҷикистон медалҳои нуқраро Алишер Саидов дар вазни 44кг ва Абубакр Муродов дар вазни 54кг ба даст оварданд. Дар вазни 63кг Нурланбек Ёрматов ғолиби медали биринҷӣ гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: