Варзишгари тоҷик Муҳаммамурод Абдураҳмонов бо паҳлавони Куба қувва меозмояд

Рақиби паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар нахустин даври мусобиқоти дзюдо дар вазни беш аз 100 килограмм аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия варзишгари Куба Алекс Гарсиа Мендоза мебошад. Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи  миллии олимпии  Тоҷикистон  хабар доданд.

Алекс Гарсиа Мендоза паҳлавони номдор ва пуртаҷриба буда, ҷоизадори бисёркаратаи Гран-при ва Grand Slam (Тоскулоҳи бузург) аст.

Қувваозмоии Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ва Алекс Гарсиа Мендоза дар Олимпиадаи Рио рӯзи 12-уми август соати 10-и пагоҳӣ ба вақти маҳаллӣ ва соати 18-и бегоҳӣ ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар байни варзишгарони тоҷик, ки дар Олимпиадаи Рио ширкат мекунанд, баъди муштзан Анвар Юнусов ва дзюдочӣ  Комроншоҳи Устопириён севумин шуда ба мусобиқа мепардозад.

Tags: