Вакилони Парлумони Тоҷикистон ба таътили тобистона баромаданд

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз 1 июли соли равон ба таътили тобистона баромаданд.

Дар ин бора котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, таътили тобистонаи вакилони мардумӣ то 15 август идома ёфта, аз 16 то 30 сентябр онҳо дар кумитаҳо ва комиссияҳои  Маҷлиси намояндагон  фаъолият  менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат буда, онҳо ба муҳлати панҷ сол тавассути  овоздиҳии пинҳонӣ дар ҷараёни баргузории интихоботи парлумонӣ  интихоб карда мешаванд.

АМИТ  «Ховар»

Tags: