Тӯйи хунин дар Ироқ: 30 кас куштаву 26 кас захмӣ шуд

Дар шаҳри Тикрити Ироқ маросими тӯй бо фоҷеа анҷом ёфтааст.
Ба иттилои расонаҳо дар деҳаи Ҳаҷади шаҳри мазкур террористон якбора чор таркишро ба амал оварданд. Дар натиҷа 30 нафар ба ҳалокат расида, 26 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.
Ҳодиса дар қисми шимолии шаҳри Тикрит ба қайд гирифта шудааст. Деҳае, ки дар он амалҳои террористӣ анҷом дода шуданд, таҳти назорати хизматчиёни ҳарбии Ироқ қарор дорад.
Тибқи иттилои расида, ҳангоми гузаронидани тӯй 4 террористи худкуш маводи таркандаи дар баданашон ҷой намударо дар миёни издиҳоми меҳмонони маросими хурсандӣ ба кор дароварданд. Ҳамзамон ҳавопаймоҳои неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар шаҳри Мосул як бинои истиқоматиро, ки дар он 25 нафар аъзои як оила қарор доштанд, ҳадаф қарор доданд. Дар натиҷа 15 нафар ба ҳалокат расида, 7 каси дигар захмӣ гардиданд.
Аз сабаби гузаронидани амалиёти ҳарбӣ-ҳавоии неруҳои эътилофи байналмилалӣ теъдоди зиёди сокинон шаҳри Мосулро тарк намудаистодаанд.

Tags: