Туркманистон нафақахӯронро аз корҳои давлатӣ озод мекунад

Дар ҳамаи вазоратҳо, муассисаҳо, ширкатҳо ва корхонаҳои дигари давлатии Туркманистон аз кор озод кардани кормандоне, ки синну солашон ба ҳадди нафақа расидаанд, авҷ гирифтааст. Дар ин хусус расонаҳои туркманӣ иттилоъ додаанд
Дар бораи аз кор озод кардани нафақахӯрон президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳанӯз 4 ноябри соли 2016 дастур дода буд.
Ахиран раиси Кумитаи сайёҳии Туркманистон Сардор Чолуков ҳам супориш додааст, ки аз идораҳо ва ширкатҳои марбут ба кумитааш ҳамаи нафақахӯрон аз кор озод шаванд. Чолуков ҳамчунин гуфтааст, ба ҷои нафақахӯрон ҷавононро ба кор ҷалб кунанд.
Дар баробари нафақахӯрон, соли гузашта чанде аз идораҳои давлатӣ кормандонашонро ихтисор карда буданд.
Ҳамсуҳбатони Бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтаанд, дар натиҷаи аз кор рондани нафақахӯрон, ҳазорон хонавода аз даромад маҳрум мешавад.

Tags: