Тоҳир Мӯъминов сармураббии нави дастаи «Истаравшан» интихоб гардид

Тоҳир МӯъминовТоҳир Мӯъминов- яке аз футболбозони номии кишвар  сармураббии нави дастаи «Истаравшан»-и Истаравшан интихоб гардид. Дар ин бора директори дастаи мазкур  Асрор Шораҷабов хабар дод. Шартнома бо Тоҳир Мӯминов ба муддати ду сол ба имзо расидааст. 

Тоҳир Мӯъминов 20 августи соли 1970 ба дунё омадааст. Ӯ дар дастаҳои «Помир» (Душанбе), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Наврӯз» (Андиҷон), «Варзоб» (Душанбе), «Регар-ТадАз» (Турсунзода) ва «Энергетик» (Душанбе) ҳунарнамоӣ кардааст.  Аз соли 1992 то 2001 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон   буд ва дар ин ҳайат дар 31 вохӯрӣ иштирок ва ба дарвозаи ҳарифон 11 тӯб задааст.  Аз соли 2005 то 2008 ба ҳайси сармураббии дастаи «Энергетик» (Душанбе),  соли 2007 –дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, соли 2008-иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи «Вахш» (Қӯрғонтеппа), соли 2010- сармураббии «Хайр» (Ваҳдат) ва  баъдан давоми ду мавсими охир  ба сифати  сармураббии КМВА «Помир» фаъолият дошт. Соли 2017  медали  биринҷии Чемпионати Тоҷикистонро бо ин клуб ба даст овард. Тоҳир Мӯъминов бозии нахустини худро ба ҳайси сармураббӣ бо дастаи «Истаравшан» дар мавсими нави Лигаи олӣ бо дастаи «Панҷшер» баргузор менамояд.

Тавре қаблан хабар дода будем, «Истаравшан»  соли 2019 қарордоди худро бо мутахассисони бразилиягӣ Ҳадсон Де Соуза Оливейра ва Карлос Энрике ба ҳайси сармураббӣ ва мураббии тарбияи ҷисмонӣ ба имзо расонида, ду футболбози бразилиягӣ -Вандер Сантос ва Рожериу Феррейруро ба даста овард. Аммо маҳорати бозингарони бразилиягӣ роҳбарияти дастаи «Истаравшан»-ро қонеъ накард ва онҳо аз даста озод карда шуданд.

АМИТ «Ховар»