Тоҷикистон ва Франсия имконоти мавҷударо дар самти тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ самаранок истифода менамоянд

Тавсеаи ҳамкории тиҷоратии дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Франсия  дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода  бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мишел Тарран дар Душанбе матраҳ гардид, иттилоъ медиҳад Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар.

Дар мулоқот зикр шуд, ки ҳоло ҳам иқтидори пурраи  ду кишвар дар самти тиҷорату иқтисодиёт ба таври зарурӣ истифода нашуда, имконияти ба маротиб афзоиш додани гардиши тиҷорати дуҷонибаи молу маҳсулот мавҷуд мебошад.

Дар робита ба ин ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ якчанд пешниҳодҳо, аз ҷумла фароҳам овардани шароити мусоид барои пайдо кардани бозорҳо ва харидорони нави маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди нахи пахта, аз ҷумла истеҳсоли ашёи хом, ресандагӣ, матоъҳо, либосҳо, ҳамзамон рушди ҳамкорӣ дар самтҳои истихроҷ, коркард ва содироти сангҳои қиматбаҳо ё нимқиматбаҳо, санги бинокорӣ ва дигар намудҳои ашёи хоми минералӣ, инчунин дар соҳаҳои гидроэнергетика, парвариши ангур, шаробсозӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок манзур гардиданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ мусоҳибон омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ ва истифодаи самараноки имконияти мавҷуда изҳор намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: