Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ тамоюли мусбати нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодиро баррасӣ намуданд

Тамоюли мусбати нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ,  рушди содирот ва воридотивазкунӣ аз мавзӯъҳои калидие буданд, ки зимни вохӯрии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс ва ҳайати сафарии бонк оид ба таҳияи Ёддошти иқтисодӣ Гоар Гюдумян ва Бегазо Гомез дирӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора аз Вазорати мазкур иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ дар баробари як зумра масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, ҳамзамон ҷараёни татбиқи «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо низ муҳокима гардид.

Дар анҷоми мулоқот тарафҳо аз ҳамкории самарабахш миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати минбаъд густариш додани ҳамкории дуҷониба омодагии худро баён доштанд.

АМИТ "Ховар"

Tags: