Тоҷикистон дар ҷадвали шумораи медалҳо ба ҳар узви дастаи олимпӣ дар ҷаҳон ҷойи аввалро гирифт

Тоҷикистон дар ҷадвали шумораи медалҳо бар сари ҳар узви дастаи олимпӣ дар ҷаҳон ҷойи аввалро гирифт! Дар ин феҳраст медали тило 4, нуқра 2 ва биринҷӣ 1 хол шумурда шудааст.

Дастаи мутахаби олимпии Тоҷикистон, ки аз 7 нафар иборат буд, бо як медали тилло дар ҷои якум қарор гирифт. Ҷои дуюм насиби дастаи мунтахаби олимпии ИМА (554 нафар варзишгар, 46 медали тилло, 37 медали нуқра ва 38 медали биринҷӣ) ва ҷои сеюм насиби олимпийчиёни Озарбойҷон (56 варзишгар, 1 медали тилло, 7 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ) гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: