Театри Конибодом нахустнамоиши «Бозичаҳо»-ро ба таври онлайн манзури тамошобин мегардонад

Имрӯз, 26 сентябр, соати 19:00, Театри давлатии драмаи  мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом    нахустнамоиши спектакли «Бозичаҳо»-ро тариқи онлайн  дар саҳифаи театр дар шабакаи иҷтимоии  «You tube» доир менамояд. Дар ин бора директори театри мазкур Ғайрат Қодиров зимни суҳбат бо мухбири АМИТ  «Ховар» хабар дод.

Намоиши  «Бозичаҳо» дар бораи зиндагии наврасони муосир, хонандагони синфи 5  қисса  мекунад.  «Дар ин намоиш сухан асосан сари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар  дар таълиму тарбияи фарзанд» меравад ва он бо шиори «Имрӯз кӯдакон – фардо мардум» дастаҷамъона навишта шудааст»,-иброз намуд директори театр.

Падари Ҷамшед дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Россия қарор дорад, ӯ нисбат ба оила бетафовут аст. Писар як маҳфили ғайриодии худро оғоз мекунад — ӯ ҳашаротро дӯст медорад, алахусус каждумҳоро, аммо наврас бо нофаҳмии модар ва ҳамсинфон рӯ ба рӯ мешавад. Вай аксар вақт фикр мекунад, ки агар падари ӯ дар инҷо мебуд, ҳама мушкилот ҳалли худро меёфт. Фаррух блогер аст. Дар мактаб вай мисли авбош рафтор карда, ҳамсинфонашро таҳқир мекунад. Ва дар хона падараш ӯро мезанад. Фарангис ба падари худ нафрат дорад, зеро вай аз кӯдакӣ аз меҳри падар маҳрум буд.Ин кӯдакон як чизи муштарак доранд: ҳамаи онҳо «бозича» дар дасти калонсолон ҳастанд ва аз ин хеле ноумед ҳастанд. Дар охири намоиш ҳамаи онҳо роҳи хуби зиндагиро меёбанд.Ин намоиш барои тамошобини  синни аз 16 боло муайян шудааст.

Нақши мактаббачагонро дар намоиш ҳунармандони ҷавон: Фаррух Ваитов, Фарҳод Сиддиқов, Фарангис Умарова, Рухсора Неъматова ва Боҳир Баҳодурзода офариданд. Ин нақшҳо барои 4 ҳунарманд дебютӣ буд. Ғайр аз онҳо дар намоиш ҳунармандони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Юнусалӣ Эргашев ва Дилбар Сулаймонова бозӣ кардаанд.  Коргардони саҳна Фарҳод Ғаффорпур, бастакор  Фаррух Мамадов, муаллиф  Боҳир Баҳодурзода ва  рассом Тоҳир Эркабоев мебошанд.

АМИТ «Ховар

Tags: