ТҶ «Пешсаф» барои гурӯҳи осебпазири аҳолӣ курсҳои омӯзишии ройгон мегузаронад

Ташкилоти ҷамъиятии «Пешсаф» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» бо кормандони марказҳои захиравии минтақавии лоиҳа оид ба омӯзиши курсҳои ройгон барои гурӯҳи осебпазири аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ доир намуда истодааст. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Барои ташвиқу тарғиб кормандони ташкилот ҳамроҳ бо намояндагони мақомоти давлатӣ дар якчанд шаҳру навоҳии вилоятҳои Хатлону Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, шуъба ва сохторҳои дахлдор, ташкилоти ғайридавлатие, ки бо маъюбон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва гурӯҳи осебпазири ҷомеа фаъолият мебаранд, оид ба тадбиқи лоиҳа, имконоти он, ҷалби баҳрагирандагон ба барномаҳои омӯзишии лоиҳа курсҳо доир намуданд.

Зимни он баҳрагирандагон ба омӯзиши яке аз барномаҳои лоиҳа — «Барномаи омӯзишии инклюзивӣ дар асоси талаботи бозори меҳнат» барои гузарондани шаҳодатномакунии на танҳо хатмкунандагони литсей ва филиалҳои маркази таълими калонсолон, балки шахсони муроҷиаткунанда, хусусан аз гурӯҳҳои осебпазир ва муҳоҷирони ба Ватан баргашта, ки дар дохил ва ё хориҷи мамлакат малакаҳои амалиро аз худ намудаанд, машғул мебошанд.

Дар барнома муҳоҷирони ба Ватан баргашта, оилаи муҳоҷирон, модарони танҳо, маъюбон, ҷавонон, бекорон бо гузаштани курсҳои кӯтоҳмуддат —  аз 1 то 3 моҳ соҳиби касб мегарданд. Инчунин барои муҳоҷирони ба Ватан баргашта ва дорои малакаи нав барои аккредитатсияи малакаи худ курси 36-соата пешбинӣ шудааст.

Ҳадафи асосии Лоиҳа омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва барои мусоидат дар мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ-техникӣ, методӣ ва барқарорсозии инфрасохтори марказҳои таълими калонсолон ва литсейҳои касбии техникии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Лоиҳаи мазкур дар асоси созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон аз соли 2016 амалӣ мешавад. Корҳои тарғиботӣ дар доираи лоиҳа аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Пешсаф» соли 2018 оғоз гардида, дар зиёда аз 50 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида шудаанд.

Татбиқи лоиҳаи мазкур ба дӯши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуда, дар назди вазорат Гурӯҳи идоракунии Лоиҳа фаъолият дорад.

Тибқи нақшаи лоиҳа, дар барномаи намунавии баробарии гендерӣ ба духтарон омӯзонидани касбҳои ғайрианъанавӣ пешбинӣ шудааст, ки дар панҷ литсейи интихобшуда озмоиш хоҳад шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: