Иқтисод

Интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон оғоз ёфт

Имрӯз соати 16.50 дақиқа хати интиқоли барқ аз зеристгоҳи Регар (Тоҷикистон) ба зеристгоҳи Гулча (Ӯзбекистон) зери шиддат монда шуд ва бо ҳамин интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон оғоз ёфт!

Дар Қубодиён сохтмони бузургтарин корхонаи истеҳсоли семент дар Тоҷикистон оғоз ёфт

 Дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон маросими оғози расмии сохтмони бузургтарин корхонаи истеҳсоли семент дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Муовини  раиси  ноҳияи  Қубодиён  Алиҷон  Тоҷиев тариқи  телефон  иттилоъ  дод, ки ин корхона аз сӯйи Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест», ширкати зертобеи «Ориёнбонк» бо ҷалби 160 миллион доллар сармояи хориҷӣ бунёд мешавад.

Миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 16 санади ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз $ 620,0 млн. ба имзо расонида шуд

Дар доираи Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 16 санади ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 620,0 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд.

Дар Муассисаи давлатии «Кохи Истиқлол» – и шаҳри Душанбе дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид.

Страницы