Иқтисод

Сарвари давлат дастур доданд, ки воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ аз боҷи гумрукӣ озод карда шавад

«Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ислоҳот бомаром идома ёфта, дар натиҷаи мунтазам афзудани маблағгузорӣ дар ду соли охир садҳо муассисаҳои нави тандурустӣ, ки дорои таҷҳизоти замонавии тиббӣ мебошанд, мавриди истифода қарор гирифта, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар шуда истодааст. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни пешниҳоди Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ баён карданд.

Эмомалӣ Раҳмон: «22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалӣ— Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 расман оғоз мегардад»

Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод. Соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об — 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 расман оғоз мегардад.

Страницы