Сокинони Тоҷикистон назди Сафорати ИМА гул мебаранд ва изҳори ҳамдардиву ҳамраъйӣ менамоянд
Опубликовано вт, 31/07/2018 - 18:18 пользователем admin
Шурӯъ аз субҳи имрӯз ба хотири пос доштани хотираи сайёҳони фавтида сокинони Тоҷикистон ба назди Сафорати ИМА дар Душанбе омода, гулу гулдастаҳо гузошта истодаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Сокинони Душанбе ба поси хотираи шаҳрвандони Америка, ки бар асари ҳамла ба велосипедронон дар ҷануби Тоҷикистон ҳалок шуданд, ба назди бинои Сафорати ИМА гул мебаранд. Дар даромадгоҳи


«Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон оид ба вокуниши фаврӣ ва касбии онҳо ба ҳодисаи рухдода миннатдории худро баён мекунад ва ҳамкориро бо мақомот дар раванди тафтишот давом медиҳад», — гуфта мешавад дар сомонаи расмии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон.