Сафорати Амрико ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон оид ба вокуниши фаврӣ ва касбӣ ба ҳодисаи дар ноҳияи Данғара рухдода миннатдорӣ баён намуд

«Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон оид ба вокуниши фаврӣ ва касбии онҳо ба ҳодисаи рухдода миннатдории худро баён мекунад ва ҳамкориро бо мақомот дар раванди тафтишот давом медиҳад», — гуфта мешавад дар сомонаи расмии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон.

29-уми июли соли ҷорӣ ду шаҳрвандони дучархасавори амрикоӣ дар натиҷаи пахши мошин дар ноҳияи Данғара ба ҳалокат расиданд.

«Мо ин ҳамлаи ғайримунтазириро маҳкум намуда, ҳамдардии амиқи худро ба хонаводаи қурбониён мерасонем ва ба онҳое, ки дар ин фоҷеа осеб диданд, шифоёбии оҷилро орзу мекунем», — омадааст дар хабари Сафорати Амрико.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон таъкид менамояд, ки Сафорат ҳеҷ далеле надорад, ки ба сатҳи баланди таҳдид ба шаҳрвандони ИМА дар Тоҷикистон ишора намояд.

АМИТ«Ховар»