ҶОЙГОҲИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ТОҶИКОН
Опубликовано чт, 16/11/2017 - 11:49 пользователем tvt
Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар матни таърихи сиёсии охири садаи ХХ як ҳодисаи ногаҳонӣ ва ғайричашмдошт буд. Дарку тасаввури ин воқеият роҳбарият ва мардуми ҷумҳуриҳои иттифоқиро лолу ҳайрон гардонид. Маълум буд, ки замони парокандагӣ фаро расидааст.


«Маҳз ба шарофати хираду заковати азалӣ, дурандешӣ, сабру таҳаммул ва ҷавҳари созандаи миллати тоҷик Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор шуд, ки он дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун оғози воқеии раванди сулҳ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.
«Мо дар ҳамин иҷлосия роҳи тақдирсозу таърихии халқи тоҷикро муайян кардем, ки он бунёди ҷомеаи озод ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».