Варзиш

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи шамшербозӣ баргузор мегардад

Бахшида ба гиромидошти хотираи Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Абдулхайр Усмонов рӯзҳои 21–22 июли соли 2018 дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шамшербозӣ байни ҷавонону наврасони солҳои таваллудашон 1997- 2001 баргузор мегардад.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур дастаҳои

Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ дар маросими пӯшидашавии Ҷоми ҷаҳон-2018 иштирок намуд

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо даъвати президенти ФИФА Ҷаннӣ Инфантино 15 июл дар маросими пӯшидашавии Ҷоми ҷаҳонии 2018 ва бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои миллии Франсия ва Хорватия, ки дар варзишгоҳи Лужники дар шаҳри Москва баргузор шуд, иштирок намуд.

Дастаи футболи занонаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё-2018 иштирок мекунад

Дирӯз  дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия маросими қуръакашии мусобиқаи футбол дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 баргузор шуд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқаи футбол миёни бонувон 11 даста, аз ҷумла, дастаи Тоҷикистон иштирок мекунад. Дастаҳо дар се гурӯҳ (2 гурӯҳи иборат аз 4 даста ва як гурӯҳ – 3 даста) барои ҷоизаҳо рақобат намуда, дастаи

Страницы